Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вокуниши Вазорати молия ба интиқоди корбарон: пули суратҳисоби кумак ба Ворухро гуфтанд

Вазорати молия Тоҷикистон ба вокуниши шадиди корбарони "Фейсбук" оид ба маблағи суратҳисоби кумак ба зарардидагони Ворух посух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 2 август дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли рӯзноманигорон оид ба андозаи пули воридшуда ба суратҳисоби кумак ба Ворух гуфт, ки маблағ ворид нашуд.
Аммо дар пайи ин хабарҳо рӯзноманигор ва масъули гуруҳи "Ахбор барои афкор" дар фейсбук Раҷаби Мирзо, гуфт ки ба ин суратҳисоб 10 ҳазор соомнӣ хайрияҳоро гузаронид ва ҳатто расидашро низ нашр кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати молия гуфт, ба суратҳисоби "Ворух" маблағ ворид нашуд
Дар пайи ин назари Вазорати молия ба вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд, ки дархости шарҳ кардан.
Ин ниҳод шоми 2 август бо нашри вокуниш гуфт, манзури манзури муовини якуми вазир ба саволи рӯзноманигор дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи марзӣ, ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст.
"Вале, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб 206 526,67 (дусаду шаш ҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст, ки он аз рӯи таъинот истифода карда мешавад", - омадааст дар вокуниши вазорат.
Вазири молия зимни нишасти хабарияш гуфт, баъди кушодани суратҳисоби махсус онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд, ки дар ин самт барои дастрасии маблағҳои зарурӣ ҳоло кор идома дорад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомот барои кумак ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ суратҳисоби махсус боз кард
Моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ кард.
Вазорати корҳои дохила он замон гуфт, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст.
Дар пайи ин дар назди Вазорати молия суратҳисоби махсус боз шуд ва аз сокинон даъват карданд, ки кумакҳояшонро ба ин суратҳисоб гузаронанд

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Раҳмон гуфт, ҳама медонанд кӣ ҳуҷум кард: парванда алайҳи низомиёни қирғиз
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.