ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мизони бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии Суғд бештар шудааст.
Шараф Аваззода, сардори Ожонсӣ дар Суғд иброз намуд, ки дар ин давра содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ҳукумат, идораҳои тандурустӣ ва маориф бештар рақам зада мешавад.
“Ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Барои мислол 20 корманди кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 25 ҷинояти коррупсионӣ содир карданд. Ҳамчунин 7 корманди соҳаи тандурустӣ 12 ҷиноят, ду корманди Вазорати адлия 2 ҷиноят, се корманди Вазорати мудофия – 2 ҷиноят нисбати содир кардааст”, - гуфт Авазов.
Ба гуфтаи вай, инчунин ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони Кумитаи андоз – 4 ҷиноят, Кумитаи идораи замин – 32 ҷиноят, Кумитаи ҳифзи муҳити зист – 3 ҷиноят, соҳаи маориф – 37 ҷиноят, Барқи тоҷик – 6 ҷиноят, соҳаи кишоварзӣ – 2, Бонкҳо – 36 ҷиноят, соҳибкорон ва шаҳрвандон – 115 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Сардори Ожонси мубориза бо фасод ҳамчунин қайд намуд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 104 (ҳамин давраи соли 2020 – 34) ҷиноят, Истаравшан 31 (2020 – 17) ҷиноят, Мастчоҳ 21 (2020 – 12) ҷиноят, Деваштич 19 (2020 – 7) ҷиноят, Кӯҳистони Мастчоҳ 4 (2020 – 0) ҷиноят, Гулистон 3 (2020 – 0) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.
Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10, 5 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.