Болоравии рублу коҳиши доллар ва евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1552 сомонӣ мебошад. Рӯзи гузашта барои як рубл дар Тоҷикистон 0.1547 сомонӣ медоданд.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди рӯзи гузашта каме поин омада, 1 доллари ИМА 11.3220 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Пас аз "марги" доллар: асъори нави ҷаҳонӣ гуфта шуд
Як евро 13.4528 сомонӣ муқаррар шудааст. Рӯзи гузашта, 2 август дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.4613 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3220 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4528 то 13.5200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1552 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.