Нахустин медали Қирғизистон дар олимпиадаи Токио

Дар набарди ҳалкунанда бо варзишкори қирғиз куштигир аз Маҷористон Тамаш Леринтс - барандаи медали нуқраи Олимпиадаи 2012 рақобат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Паҳлавони куштии юнониву румии Қирғизистон Акжол Маҳмудов барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Токио шуд.
Дар набарди ҳалкунанда бо варзишкори қирғиз куштигир аз Маҷористон Тамаш Леринтс - барандаи медали нуқраи Олимпиадаи 2012 рақобат кард.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Маҷористон анҷом ёфт.
1 / 2
Tokyo 2020 Olympics - Wrestling - Greco-Roman - Men's 77kg - Gold medal match - Makuhari Messe Hall A, Chiba, Japan - August 3, 2021. Tamas Lorincz of Hungary in action against Akzhol Makhmudov of Kyrgyzstan REUTERS/Piroschka Van De Wouw
2 / 2
Tokyo 2020 Olympics - Wrestling - Greco-Roman - Men's 77kg - Gold medal match - Makuhari Messe Hall A, Chiba, Japan - August 3, 2021. Tamas Lorincz of Hungary and Akzhol Makhmudov of Kyrgyzstan celebrate after the match REUTERS/Leah Millis
Қаблан дар даври 1/8 ниҳоӣ қирғизистонӣ Ламҷед Маафӣ варзишкор аз Тунисро пеш аз муҳлат мағлуб карда буд.
Мубориза дар давраи аввал бо ҳисоби 11: 0 хотима ёфт.
Дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ ба варзишгари қирғиз Рафиқ Ҳусейнов аз Озарбойҷон рақобат кард.
Тоҷикистон дар Олимпиадаи Токио бе медал монд
Акжол чанд зарбаи бомуваффақият анҷом дод ва муборизаро пеш аз муҳлат бо ҳисоби 9: 1 ба анҷом расонд.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқа намояндаи Арманистон Карапет Чалянро бо ҳисоби 6: 2 шикаст дод.