Sputnik Афғонистон аз хатти набард бо Толибон дидан кард.
Журналистони оҷонсӣ тавонистанд Амир Исмоилхон, фармондеҳи муҷоҳидини афғонро аксбардорӣ кунанд. Ҳоло фармондеҳ дар вилояти Ҳироти минтақаи Ғузор аст.
Исмоилхон бо посбонони мусаллаҳ ва ҷонибдоронаш дар хатти набард бо Толибон* қарор гирифтааст. Яке аз муҳофизони ӯ ҳангоми ҷанг бо Толибон* кушта шуд.
Ба гуфтаи ҳамкасбони мо аз Афғонистон, низомиён ба хезишҳои мардумӣ кумак намекунанд.
Аммо сарфи назар аз набудани дастгирии ҳавоӣ, шумораи ихтиёриён барои мубоиза бо Толибон* меафзояд.
Худи Амир Исмоилхон рӯзи гузашта дар як навори видеоӣ аз хатти набард гуфт, бо Ашраф Ғанӣ барои ирсоли нерӯ гуфтугӯӣ телефонӣ дошт, аммо аз кумак хабаре нест.
Амир Исмоил Хон, фармондеҳони саршиноси муҷоҳидини афғон аст, ки замоне се сол дар асорати Толибон* буд ва тавонист аз дасти онҳо фирор кунад.
* Толибон як гурӯҳи террористист, ки дар Русия мамнӯъ аст.