ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Варзишкори номӣ ва қаҳрамони шикастнадидаи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Қирғизистон сафар кард.
Мақсади сафари паҳлавони ҷаҳонӣ ширкат ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар сабқати Eagle Fighting Championship (EFC 38), ки дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад, мебошад.
Ҳамроҳ бо Ҳабиб, амакбачаҳояш Усмон Нурмуҳаммадов ва Умар Нурмуҳаммадов, ҳамчунин Зубайр Тухугов парвоз карданд.
Дар умум дар доираи ин мусобиқа, 19 размоиш дар назар аст.
Сабқати асосии ин мусобиқа, размоиши Руслан Яманбоев (Русия) ва Бусурманқул Абдибоита уулу (Қирғизистон) мебошад.