ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Дар Бухоро қисме аз девори мадрасаи Абдуллохон фурӯ рехт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бухоро.
Тибқи иттилои манбаъ, сабаби чаппа шудани девор, пастшавии ҳарорат, боришот ва болоравии обҳои зеризаминӣ будааст.
Қайд мешавад, ки пас аз ҳодиса гурӯҳи кории махсус иборат аз намояндагони маъмурияти минтақавии Агентии мероси фарҳангӣ, ҳокимияти Бухоро ва инчунин барқароркунандагон ташкил карда шуд.
Обрушение Кош Медресе в Бухаре
© Фото очевидца
Мутахассисони баландихтисос ба маҳалли ҳодиса рафта, тадқиқоти мувофиқ гузарониданд. Феълан ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ кардаанд.
Ожонсии минтақавии мероси фарҳангии Бухоро ба Sputnik Ӯзбекистон гуфт, ки барои тармими девор қариб шаш миллиард сӯм (беш аз 562 ҳазор доллар) харҷ мешавад.
Илова бар ин, бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, олимон аллакай тақрибан 40 объекти фарҳангии Бухороро, ки ба таъсири равандҳои сунъӣ дучор шудаанд, таҳқиқ кардаанд.
Обрушение Кош Медресе в Бухаре
© Фото очевидца
Мадрасаи Абдуллохон яке аз осори барҷастаи меъмории Осиёи Марказист, ки солҳои 1588-1590 бунёд ёфтааст.
Иншооти мазкур аз дигар биноҳои шабеҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тарҳи ғайриоддии мураккаб ва гуногунҷабҳаи дохилӣ фарқ мекунад.