ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз даргузашти додрас Темурзода Шамсиддин хабар додааст. Маросими видоъ бо Темурзода, ки 58 сол дошт, дар шаҳри Ҳисор баргузор гардидааст.
Дар мавриди иллати марг чизе хабар дода нашудааст, аммо бар асоси гузоришҳо марҳум ҳафтаҳои охири июл бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе бистарӣ будааст.
Расман дар бораи иллати марги Темурзода иттилое дода нашудааст.
Темурзода Шамсиддин судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© сомонаи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон
Шамсиддин Темурзода аз додрасҳои олии саршинос гуфта мешавад, ки қаблан бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.
Аз ҷумла моҳи августи соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон фармонеро имзо кард, ки барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, Шамсиддин Темурзода бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардид.
Раёсати Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даргузашти Шамсиддин Темурзодаро талафоти бузург хонда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.