ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Бархӯрди маргбори “Опел” бо “Тико” 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30 рух дод, навиштааст ВУД Тоҷикстон.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Жинаев Исохон, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати Регар, аз уҳдаи идораи автомашина набаромадаст.
ВУД тавзеҳ дод, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандаи “Опел”, мошини мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, сокини 70-cолаи деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.