Қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ: бозори арзи Тоҷикистон

Қурби рублу доллар ва евро дар баробари сомонӣ нисбат ба як ҳафтаи қабл дар ҳоли афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1547 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди охири ҳафтаи гузашта тағйир наёфта, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло меравад.
Як евро 13.4613 сомонӣ муқаррар шудааст. Аввали ҳафтаи гузашта, рӯзи 26 июл дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.3221 сомонӣ қарор дошт.
Иқтисоддон: долларро шаш асъор "мекушад"
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4613 то 13.5300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1547 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.