ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 3,8 миллиард долларро ташкил дод, ки баробар ба 44,6 дарсади ММД ҷумҳурӣ мебошад.
Дар муқоиса бо аввали сол (3,7 миллиард доллар), ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ тақрибан 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки ин бо афзоиши ҳаҷми қарзи беруна рабт дорад. Қарзи дохилӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи вазир, дар сохтори қарзи давлатӣ 3,3 миллиард доллар ба қарзи хориҷӣ рост меояд (87 дарсад) ва ҳаҷми қарзи дохилӣ 500 миллион доллар (13 дарсад) аст.
Вай қайд кард, ки сатҳи қарзи давлатӣ ба меъёрҳои санадҳои стратегии кишвар ва тавсияҳои муассисаҳои молиявии байналмилалӣ мувофиқат мекунад.
Вазири молия таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли равон барои пардохти қарзи хориҷӣ 115,1 миллион доллар, аз ҷумла, 77,4 миллион доллар - барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 миллион доллар - барои пардохти фоизҳои қарз ҷудо карда шудааст.
Чин ҳамчун қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон (1,2 миллиард доллар) боқӣ мондааст, қарзҳо аз ҳисоби ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молии байналмилалӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Инчунин, қарзи нисбатан зиёд дар назди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломии Рушд ва Хазинаи Байналмилалии Асъор вуҷуд дорад.
Дар сохтори қарзи дохилии кишвар беш аз 40 дарсад векселҳои давлатӣ мебошанд, ки барои аз нав сармоягузорӣ кардани ду бонки кишвар - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бароварда шудаанд, ки ҳоло дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.
Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар давоми соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим дорад, ки ба маблағи 453 миллион доллар аз берун қарз гирад.