ДУШАНБЕ, 2 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 68 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
Ҳамзамон 73 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ки ба иттилои вазорат теъдоди табобатшудагон давоми 48 соати гузашта аз сироятшудаҳо зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 2 август дар кишвар 15150 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14629 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуввуми сирояти коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac ройгон пешниҳод мешавад.