ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, рӯзона борони майда ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.