Аскар Акаев, ки дар пайгард қарор дошт, ба Бишкек оварда шуд

Қаблан Аскар Акаев ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар дод, ки президенти пешини Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, ки дар рӯйхати афроди ҷустуҷӯ қарор дошт, озоми Бишкек шуд.
Қаблан маълум шуд, ки собиқ кишвардори Қирғизистон низ дар қазияи "Кумтор" гумонбар дониста шуда, ба рӯйхати афроди мавриди пайгард шомил карда шуд.
Акаев дар қатори дигар мансабдорони собиқи баландпоя дар фасодкорӣ ҳангоми бастани созишномаи умумӣ оид ба лоиҳа дар соли 1992, тағйир додани он дар соли 1994 ва инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишнома дар соли 2003 айбдор мешавад.
Ҳамин тариқ, Sputnik Қирғизистон хабар дод, ки Акаев рӯзи 2 август вориди Бишкек шуд ва феълан ӯ дар бинои КДАМ қарор дорад ва бозпурсӣ мешавад.
Тошиев аз ҳабсу парвандаҳои собиқ президентҳо ва тақдири Жээнбеков гуфт
Ин ниҳод ба шаҳрвандони Қирғизистон ваъда додааст, ки онҳоро аз натиҷаи тафтишот ва қарорҳои мурофиавӣ хабардор мекунанд.
Аскар Оқоев нахустин раисҷумҳури Қирғизистон аст ва дар солҳои 1990 — 2005 бар он кишвар раёсат мекард. Вай дар паи инқилоби мардумии соли 2005 аз раёсат бар канор шуд ва Қирғизистонро тарк кард.
Мардум ӯ ва хешовандону наздиконашро муттаҳам ба ғорати кишвар дар ҷараёни хусусисозии дороиҳои давлатӣ карда буданд. Қурбонбек Боқиев, ки дар паи ин инқилоб ҷойгузини Аскар Оқоев шуда буд, низ дар паи инқилоби мардумӣ дар апрели соли 2010 аз раёсат барканор ва кишварро тарк карда буд.
Бо тағйири чанд кишвардор, ҳоло дар маснади Президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов қарор дорад.