Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Афзоиши нуфуси террористон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ҳузури ҷангиёни хориҷӣ барои ҷумҳурӣ таҳдидҳои нав эҷод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг - Sputnik. Шумораи ҷангиёни хориҷӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора намояндаи парлумони Афғонистон ва ноиби президенти Маҷлиси миллии ин кишвар Фавзия Куфӣ изҳор доштааст, менависад Shafaqno.
Ба гуфтаи вай, ҳузури террористон дар шимолу шарқи ҷумҳурӣ дар вилояти Бадахшон сабт шудааст. Куфӣ таъкид кард, ки афзоиши минбаъдаи ҷангиёни хориҷӣ метавонад авзои бе ин ҳам муташанниҷро дар Афғонистон шадидтар кунад.
Шойгу: ДИИШ* ҳам ба Афғонистон роҳ ёфт
Ҳузури аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар кишварро қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу эълон карда буд. Вай қайд кард, ки Федератсияи Русия ҳаракати муташаккилонаи ҷангҷӯёни ДИИШ * -ро ба Афғонистон аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла аз Сурия ва Либия сабт мекунад.
Вазири дифои Русия бар ин бовар аст, ки шиддат гирифтани ҳаракатҳои террористӣ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ҷумҳурӣ чораҳои фавриро тақозо мекунад.
Дар Кобул мегӯянд, ки дар шимоли Афғонистон созмонҳои роҳзане ҳастанд, ки метавонанд ба ДИИШ* пайванданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ДИИШ* дар шимоли Афғонистон бо ҷангҷӯёнаш аз Чину Осиёи Марказӣ фаъол шудааст
Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи ҷумҳуриро назорат мекунанд ва барои фавран посух додан ба таҳдидҳои эҳтимолӣ як қатор чораҳоро меандешанд, ки яке аз онҳо машқҳои густардаи низомӣ дар манотиқи марзӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати террористии Толибон* идома дорад. Тибқи баъзе хабарҳо, ҷангҷӯён қисми зиёди қаламрави ҷумҳуриро таҳти назорат доранд.
Эзоҳ: ДИИШ* ва Толибон* - созмонҳои террористии дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ.