ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ширин Амонзода, ахиран бо як зумра соҳибкорони ватанӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият менамоянд, муоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнати Тоҷикистон
тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории бахшҳои хусусӣ бо мақомоти давлатӣ, ҳамчун шарикони рушд эътироф шудани ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ, ки дар кишварҳои хориҷ фаъолият менамоянд, дар раванди бунёдкориҳои кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои зарардида баррасӣ гардиданд.
“Ширин Амонзода зимни мулоқот аз саҳмгузории ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо дар рӯзҳои мушкили бемории фарогири КОВИД-19 ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ёдовар шуда, даъват ба боз ҳам ҷоннок намудани амалҳои хайру савоб, дастгирии ниёзмандон ва обод кардани гӯшае аз диёри ватан намуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки соҳибкорон низ аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки дар ҳар кишваре, ки фаъолият кунанд ва дар ҳар ҳолате, ки набошанд, худро шаҳрвандони Тоҷикистон медонанд ва дар рушди Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин як зумра ҳамватанони бурунмарзӣ тариқи маҷозӣ иштирок доҳтанд, онҳо низ изҳори омодагӣ барои саҳмгузорӣ дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ намуданд.