ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд дар яке аз анборҳо таркиш рух дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои вазорат, ин ҳодиса як рӯз пеш дар маҳаллаи "Қушкурғон" тахминан соати 19.30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз анбор, бинои маъмурии корхона низ фурӯ рехтааст ва нонбойхона ҳам, ки дар наздикии он воқеъ аст, қисман хисорот дидааст.
Дар паи таркиш як корманди корхона ба ҳалокат расиа, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини гуногун бардоштанд. Ҳамаи захмиён дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Тибқи гузориши пешакӣ, таркиш аз сабаби газ рух додааст.
Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда харобаҳоро тоза доранду намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар шӯъбаҳои марбута низ кор мебаранд.