Олимпиада барои давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев низ бидуни дастовард хотима ёфт

Давандаи тоҷик ва охирин намояндаи мунтахаби кишвар Илдар Аҳмадиев Олимпиадаи Токиоро бидуни дастовард хотима дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз даври муқаддамотии дав дар масофаи 100 метр ба зинаи баъдӣ гузарад.
Варзишгар дар масофаи 100 метр танҳо ҷои чорумро ишғол кард, ки ба ӯ имкон надод, ки ба рақобаҳои баъдӣ роҳ ёбад.
Аҳмадиев масофаи 100 метрро дар 10,66 сония тай кард, ки каме аз варзишкорони Габон ва Ҷумҳурии Демократии Конго поин буд.
Мавриди зикр аст, ки ин рекорди шахсии варзишгар буд.
Баҳодур Усмонов ҳам шикаст хӯрд: Олимпиада барои муштзанҳои тоҷик низ хотима ёфт
Ҳамин тариқ 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио - 2020 барои 10 варзишгари тоиҷик бидуни дастовард хотима ёфт.