Қарори Ҳукумат ба ҷонибдорӣ аз 800 миллион кумакпулии Чин: пул куҷо меравад?

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат аз созишнома бо Ҳукумати Чин дар мавриди кумаки бебозгашт ба маблағи 800 миллион юанро ҷонибдорӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Тибқи лоиҳаи созишнома, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон тасдиқ кард, бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон ҷониби Чин кумаки бебозгашт ба андозаи 800 миллион юанро ҷудо мекунад. Ин маблағ, ки муодили беш аз 120 миллион доллар мебошад, барои сохтмони қитъаҳои калидии марҳилаи дуюми роҳи Душанбе – Қулма ва дигар лоиҳаҳо сарф хоҳад шуд. Дар матни лоиҳа таъкид шудааст, ки мушаххасот дар созишномаи иловагии ҷонибҳо муқаррар мегарданд.
Дар тарҳи созишнома омадааст, ки Бонки давлатии рушди Чин ва Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб бо юанро мекушоянд. Харҷи маблағу пешбурди муҳосибот тибқи меъёрҳои Бонки давлатии рушди Чин амалӣ шуда, мунтазам ба ҳукуматҳои ду кишвар ҳисобот пешниҳод мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон вазири молияи кишварро вазифадор намудааст, ки лоиҳаи созишномаи мазкур бо Ҳукумати Чинро имзо намояд. Вазорати умури хориҷӣ дастур гирифтааст, ки бо ҷониби Чин замону макони имзои созишномаро мувофиқа кунад.
Сабукӣ ба бадахшониҳо: Вазир гуфт, Президент хоҳони рушди баробари ҳамаи минтақаҳо мебошад
Ин дар ҳолест, ки ахиран Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суҳбат дар мавриди роҳи Душанбе - Қулма бархе таъхиркориҳоро дар оғози сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ эътироф карда, изҳор дошт, ки он ба ҷониби маблағгузор рабт дорад.
Ӯ зикр намуд, ки ин қисмати роҳ бо кумаки Чин сохта мешавад ва расмиёту ҳуҷҷатгузориҳои зиёдро талаб менамояд. Ҳуҷҷатгузориҳою расмиёт аллакай дар марҳилаи ниҳоисту интизор меравад, корҳо ба зудӣ оғоз шаванд, изҳор дошт Иброҳим.
Вазир гуфт, дар ин қисмат сохтмони ду нақби муосири васеъ дар назар аст, ки роҳро 23 километр кӯтоҳ хоҳанд кард.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки ҳамаи ин ба он хотир аст, ки рафтуомад ба ВМКБ осон шавад.