Боздошти ҷавон барои "шантаж" -и маъшуқа: пул надиҳӣ, аксҳоятро ба наздиконат мефиристам

Ҷавон бо таҳдиди фиристодани аксҳои маҳрамонаи маъшуқаш ба наздиконаш аз ӯ пул гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда бо ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри мазкур шиносои пайдо намуда тавассути телефони мобилиаш аксҳои маҳрамона гирифтааст.
Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз моҳи марти соли 2020, то ҳол аз ҷабрдида барои паҳн накардани аксҳо бо тариқи шабакаи иҷтимои ва онҳоро ба хешу табораш нафиристодан бо роҳи таъмаҷӯӣ 7 ҳазор сомониро гирифтааст.
Пул надиҳӣ видеоятро паҳн мекунам: боздошти ду ҷавон дар Ашт барои тамаъҷӯӣ
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.