Баҳодур Усмонов ҳам шикаст хӯрд: Олимпиада барои муштзанҳои тоҷик низ хотима ёфт

Олимпиадаи Токио - 2020 барои муштзанҳои тоҷик низ бидуни дастоварде хотима ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Муштзани шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар дар даври аввали мусобиқаи бокс пирӯз шуда буд, дар дидоди дуввумаш шикаст хӯрд
Муштзани тоҷик субҳи имрӯз бо варзишкори ӯзбек Элнур Абдураимов дар вазни то 63 кило вориди сабқат шуд, аммо мағлуб гардид.
Ҳамин тариқ Олимпиадаи Токио - 2020 барои Баҳодур Усмонов низ ба итмом расид
Дар даври муқаддамоти Баҳодур Усмонов ҳарифаш Леонел Сантоз Нунезии доминиканиро шикаст дода буд.
Ҳамин тариқ 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио - 2020 барои 9 варзишгари тоиҷи бидуни дастовард хотима ёфт.
Ҳабси 7 корхонаи қарздор аз андоз дар Суғд ва бозгардонияшон баъди пардохти маблағ
Ҷудокорон -Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён.
Дар риштаи бокс - Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва ҳамакнун Баҳодур Усмонов.
Шиноварони кишвар Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов низ рӯзи гузашта аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.
Илнур Аҳмадиев низ идомаи рақобатҳо аз варзиши сабук канор монд.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.