Афтидани ҷирми осмонӣ дар Туркия бо суръату дурахши баланд - видео

Сокинони шаҳри Измири Туркия шаби ҷумъа ба шанбеи 31 июл шоҳиди афтидани ҷирми осмонӣ бо суръату дурахши баланд шудаанд
Sputnik
Ҳодисаи афтидани метеорит дар шаҳри Измир дар ғарби Туркия тақрибан соати 01:54 рух дод, хабар дод нашрияи Sabah.
Ба иттилои манбаъ, сокинони шаҳр шаби гузашта метавонистанд, шоҳиди афтидани ҷирми осмонӣ ва дурахши он шавад.
Дар бахши туркии шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аксҳо ва видеоҳои зиёди гирифтаашонро нашр мекунанд. Зикр шудааст, ки афтидани метеорит садое ба ҳамроҳ дошт.
Мақомоти Туркия дар бораи хисороте дар пайи афтидани метеорит то ҳол гузорише надодаанд.
Афтидани метеорит дар ҳолест, ки Туркияро рӯзҳои охир сӯхторҳои шадид фаро гирифтаанд. Дар пасманзари ин ҳодисаҳо, бархе корбарон шӯхӣ кардаанд, ки ояндаи наздик бояд мавҷудот аз сайёраҳои дигар ва зомбиҳоро мунтазир шуд.