ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳиддаи Араб ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, санаи 29-уми июли соли равон ба таври маҷозӣ ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ёимни зимни баргузории ҷаласаи мазкур ба имзо расид.
Таъкид шудааст, ки дар рафти ҷаласаи болозикр Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қайд намуданд, ки баимзорасонии санади мазкур метавонад барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, заминаи мусоид фароҳам оварад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА)18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.