Ошкоро ва бо ҷанҷол: ҷузъиёти сӯҳбатҳои Путин ва Меркел ифшо шуд

Музокироти раҳбарони ду кишвар ҷанҷолеро мемонд: Путин гоҳ эҳсосотӣ мешуд, сахт мерафт ва хашм мекард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Даҳҳо гуфтугӯи телефонии президенти Русия Владимир Путин ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо ҷанҷол анҷом ёфтанд. Дар ин бора рӯзноманигор ва таърихшинос Ралф Боллман дар китоби "Ангела Меркел, садри аъзам ва замони ӯ" навиштааст.
Аксар вақт сӯҳбатҳо байни сиёсатмадорон соли 2014 ҳангоми оғози бӯҳрони Украина сурат мегирифтанд. Баллман гуфт, ки Путин ва Меркел хеле ошкоро сӯҳбат мекарданд ва зиёд овоз баланд мекарданд.. Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар дуэли лафзиро мемонд.
"Онҳо ошкоро сӯҳбат мекарданд ва баъзан ҳатто ба якдигар дод мезаданд" - менависад муаллиф.
Вақти сукути Украина расид. Байден ва Меркел дар бораи "Маҷрои шимолӣ" мувофиқат карданд
Ба гуфтаи ӯ, сиёсатмадорон шояд бо далели, ки якдигарро намедиданд, ба худ чунин сӯҳбатро раво медиданд.
"Путин бисёргап мезанад, баъзан беохир, бештар аз нисфи вақт ӯ сӯҳбат мекунад" - мегӯяд Балман.
Нависанда таъкид мекунад, ки дар ҳолатҳои нозук раҳбари Русия "эҳсосотӣ мешуд, сахт мерафт ва хашм мекард".
Дар сӯҳбат бо Путин Меркел бояд тамоми таҷрибаи муошират бо рақибони сиёсиро, ки ба даст овардааст, аз ҷумла ҳангоми сӯҳбат бо Роланд Кох ва Силвио Берлусконӣ истифода мебурд.
Ёдрас мешавем, ки тарҷумаи ҳоли канцлер беш аз 800 саҳифаро дар бар мегирад.
Пӯшониду кашонид: либоспӯшии Меркел назди як толор одам ҳамаро хандонид
Китоб ҳаёти "пурқудрати сиёсатмадори ҷаҳон" -ро аз таваллуд то аввали соли 2021 дар бар мегирад. Як пораи асарро нашриёти C.H.Bek ба РИА Новости пешниҳод кардааст.
Соли 2014 мақомоти Украина амалиёти низомӣ алайҳи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанскро оғоз карданд, ки пас аз табаддулоти давлатӣ дар Киев истиқлолияти худро эълон карданд.