Раҳмон дар Лаҳистон аз муқовимат бо терроризму вазъи хароби Афғонистон гуфт

Прокурорҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият мебахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, Раҳмон бо ҳамтои лаҳистонии худ Богдан Свенчковский, прокурори ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ мулоқот доир намуд.
Лаҳистон сафири навашро ба Тоҷикистон фиристод: Ӯ кист?
Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон прокурорҳои ду кишвар ба вазъи феълии Афғонистон мудохила намуда, масъалаи таъсири ин вазъият ба минтақа ва ҷаҳонро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар расондани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ, масълаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва ниҳоятан муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият медиҳанд.