ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Сафаров Ҷомӣ Рустамович, ки аз ӯ қурбонии дигари коронавирус ном мебаранд, ҳамагӣ 36 сол дошт.
Маросими видоъ бо Ҷомӣ Сафаров субҳи рӯзи ҷумъа 30 июл дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Ба иттилои наздикон, Сафаров дар аввал дар хона табобат мегирифт, аммо баъде, ки ҳолаш вазнин шуд, ба беморхона интиқол доданд. Ӯ 29 июл дунёро падрӯд гуфт. Марҳум моҳи апрели соли равон 36-солагияшро таҷлил карда буд.
Расман дар мавриди иллати даргузашти Ҷомӣ Сафаров аз коронавирус иттилоъ дар даст нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марҳум чун соҳибкори ватандӯсту дастбахайр ёд мекунанд.
Дар ҳоле ки бемории коронавирусро бештар барои афроди калонсол марговар медонанд, вақтҳои охир дар Тоҷикистон аз даргузашти гирифторони ҷавону миёнсоли коронавирус низ хабарҳо нашр мегарданд. Ахиран аз даргузашти Юсуф Раҷабов хабар дода шуд, ки ба иттилои наздиконаш ӯ низ гирифтори коронавирус буд. Раҷабов 32 сол дошт.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ки шаби 29 ба 30 июл нашр гардидааст, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 76 нафар шифо ёфтанд.
Манбаъ афзуд, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Расман теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин беморӣ ба 121 нафар расид.