Оғози қабули дархостҳо барои ҷоизаи байналмилалии Холид ал - Хатиб - 2021

Шабакаи RT қабули дархостҳо барои Ҷоизаи байналмилалии Khaled Alkhateb International Memorial Awards – ро эълон кард, ки ҳамасола барои беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ аз минтақаҳои даргир тақдим мешавад
Sputnik
Ҷоизаи мазкур барои поси хотири рӯзноманигор Холид ал - Хатиб , ки 30 июли соли 2017 дар Сурия кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ӯ ҳамкори RT Arabic буд ва соли равон ҷоиза барои поси хотири ӯ бори чорум эъто мегардад.
Ҷоиза дар бахшҳои “Беҳтарин матлаб аз минтақаи даргирӣ: матн”, “Беҳтарин матлаби видеоӣ аз минтақаи даргирӣ”, “Баъди ҷанг: матн/навор” супорида мешавад. Дар бахши “Баъди ҷанг: матн/навор” аз сарнавишти одамон ё қавмҳое қисса мешавад, ки ҷангро паси сар кардаанду дар ҳоли гузариш ба ҳаёти осоишта мебошанд. Ин номина бори аввал пешбарӣ шудааст.
Барандаҳои ҷоизаи Khaled Alkhateb International Memorial Awards — 2021 мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор рублро соҳиб хоҳанд шуд.
Дархостро метавон тариқи сомонаи— https://award.rt.com пешниҳод кард. Барандаҳо 30 ноябр эълон мегарданд.
Дар соли аввал ғолибони ҷоиза иштирокдорони озмун аз Ироқ, Ирландия ва Сингапур шуданд. Ба ҳайати ҳакамон рӯзноманигорони русиягӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ирада Зейналова ва Евгений Поддубний шомил гардиданд.
Соли 2019 аз 25 кишвар барои ҷоиза довталаб шуда буданд. Барандаҳо намояндагон аз Русия, ИМА, Итолиё ва Ҳинд шуданд, ки дар бораи даргириҳо дар Сурия, Ироқ ва Либия қисса карданд. Соли 2020 ҷоизаи RT – ро рӯзноманигорон аз Русия, Сурия ва Ҳинд соҳиб шуданд.
Шабакаи телевизионии RT ҷоизаи Khaled Alkhateb International Memorial Awards – ро ба хотири рӯзноманигори 25-сола, Холид ал – Хатиб таъсис дод, ки бо RT Arabic ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ дар музофоти Хомси Сурия соли 2017 кушта шуд. Дар гузоришҳояш Холид ҷангҳои нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо террористонро инъикос мекард. Соли 2018-ум президенти Русия, Владимир Путин, фармони бо медали “Ҷасорат” қадрдонӣ намудани Холид ал – Хатибро баъд аз маргаш имзо намуд, ки ба оилааш дар маросими аввали супоридани ҷоизаҳо тақдим гардида буд.