ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон постгоҳи марзӣ пас аз таъмиру тармим, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Бар хабари Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар маросими супоридани постгоҳи марзӣ, кордори сафорати Амрико Ҷон Гинкел ва муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Саодатзода Раҷаб иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, постгоҳ бо маблағи 570 ҳазор доллар бозсозӣ шуда, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар ин минтақа фароҳам меорад.
Манбаъ меафзояд,иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.
Қаблан вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари худ ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон постгоҳи марзӣ месозад.
Лавров он замон қайд кард, ки дар ҷараёни муколама бо Сироҷиддин Муҳриддин, яке аз мавзӯъҳои муҳим муҳокимаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам дар шакли СААД ва ҳам дар шакли созишномаҳои дуҷониба буд.
Ба гуфтаи Лавров Русия дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон кумаки молӣ мерасонад.