Се сол бо умеди "Аудио-8": ошкоршавии қаллобӣ дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани қаллобӣ дар шаҳри Душанбе гузориш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷавоне ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, ки се сол пеш ваъдаи мошин кардаву пули як шаҳрвандро гирифтааст.
Тавре дафтари матбуоти ВКД менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҷавони 29-солае аз як сокини пойтахт шикоят бурдааст.
Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод
Тавре дар аризаи вай гуфта мешавад, се сол пеш, соли 2019 дар кӯчаи Айнӣ як ҷавон ба бовариаш даромада, ҳудуди 17 ҳазор долларашро гирифтааст.
Гумонбаршаванда ваъда дода будааст, ки бар ивази ин миқдор маблағ аз хориҷ барояш мошини тамғаи “Ауди-8” оварда медиҳад.
Аммо то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст ва маблағро низ барнагардонидааст.
Вазорат менависад, тафтишоти ҳодиса оғоз шудааст.