ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар маҳаллаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд барои кӯдакони ятим кӯдакистон ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, кӯдакистони "Меҳросо"-ро президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ кардааст.
Гуфта мешавад, он барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст. Сарпарастии ин кӯдакистонро муассисони ширкати тоҷикиву туркии “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.
Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулияти мусиқӣ иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст.
Дар умум ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.