ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумат қарор дошта, интизор меравад моҳҳои наздик қабул гардад, хабар дод Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар лоиҳа тартиби ҳисобу меъёрҳо нав шудаанд, ки ин ба гуфтаи ӯ, албатта талафот дар пай дорад. Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввал мушкил хоҳад буд, аммо интизор доранд, ки дар дурнамо соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсолот рушд кунаду манбаъҳои нави андозбандӣ пайдо гарданд.
Дар шарҳи он, ки чӣ тағйироту сабукиҳо мешавад, Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гуруҳи таҳиякунандаи лоиҳаи Кодекс гуфт, дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.
“Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ба андозаи 13 фоиз, барои дигар намуди фаъолият аз 23 ба 18 фоиз кам карда шуд. Ин андоз барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз таъйин гардид. То ҳол 23 фоиз буд”, - изҳор дошт Маликзода.
Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.
Ноиби раиси Кумитаи андоз афзуд, бо мақсади ба кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷорӣ баробар кардани сатҳи андозбандӣ, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ паст карда шуд.
“Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, дар лоиҳа 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст”, - изҳор дошт ӯ.
Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти ба ҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз паст карда мешавад.
Раиси Кумитаи андоз таъкид намуд, ки феълан ин танҳо лоиҳа буда, интизор меравад, ки моҳҳои наздик аз ҷониби Ҳукумат қабул гардад. Ӯ таъкид намуд, ки ин тағйирот талафоте дар пай доранд, аммо интизор меравад, ки аз ҳисоби рушди иқтисодиёту истеҳсолот манобеи андозбандӣ васеъ гарданд.