ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки ба нуқтаҳои ваксингирӣ ҳозир шуда, зидди бемории COVID-19 ваксин гиранд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Манбаъ дар ин даъвати худ таъкид доштааст, ки роҳи ягонаи пешгирии сироятёбӣ ва фавт ваксингирӣ мебошад.
“Ваксин бигиред, то худ ва наздиконатон аз хатари беморӣ эмин бошанд!”, - қайд кардааст манбаъ.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки дар тамоми марказҳои саломатии макони зист ҳуҷраҳои ваксингирӣ таъсис дода шудааст.
Мақомот аз сокинон даъват кардааст, ки ба макони ваксингирӣ имрӯз раванд чун пагоҳ метавонад дер шавад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои ахири вазорати тандурустии Тоҷикистон дар кишвар дар як шабонарӯзи гузашта 84 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавиус ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Тоҷикистон 14929 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то замони зикргардида 14389 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 121 нафар расид.
Ин бдар ҳолест, ки ахиран Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуоти дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки то охири сол бояд 62,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маъраукаи ваксиназанӣ фаро гирифта шавад.
“Қарор аст то охиири сол 5,8 миллион нафарро ба маъракаи ваксинагирӣ фаро гирифта шаванд. Фоизи фарогирӣ бояд ба 62,5 дарсад расад”,- гуфт муовини аввали вазири тандурустӣ.