Ҳабси маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" барои баддаҳонии мизоҷону халал ба оромии сокинон

Кормандони пулис як маротиба маъмури "Ҳамадонӣ" - ро аз камбудиҳояш огоҳ кардаанд, аммо ислоҳ накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" - и Душанбе дар пайи баррасии шикояти як сокини пойтахт аз сӯи пулис боздошту ҳабс шудааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати Вазортаи корҳои дохила.
Ба иттилои манбаъ, санаи 28 июл як сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе арз намуд, ки нисбати масъулони тарабхонаи "Ҳамадонӣ" воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Гуфта мешавад, маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.
Пулис бетартибии шабонаи соҳибони мошинҳои "крутой" дар Душанберо ошкор кард - навор
Гуфта мешавад, маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар буда, зимни санҷиш дар фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани он ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.
Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Алиев Соҳибназар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.