ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ғарби Афғонистон афроди ношинос ба қароргоҳи Созмони Милал Муттаҳид ҳамла карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Миссияи кӯмаки СММ дар Афғонистон (UNAMA) хабар медиҳад.
Маълум аст, ки ҳамла ба қароргоҳи созмон бо истифода аз норинҷак ва силоҳи оташфишон сурат гирифтааст.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса як полиси афғон кушта шуда, чанд сарбоз ҳам шадидан маҷрӯҳ шуданд.
СММ қайд кард, ки дар байни кормандон касе осеб надидааст.
"Ҷинояткорони ин ҳамла бояд муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд" , - талаб намуд Дебора Лайонс намояндаи созмони мазкур дар Афғонистон.
Созмони номи гурӯҳи ҳамлагарро ифшо накард ва аз онҳо "унсурҳои зиддиҳукуматӣ" ном бурд.
Эҳтимол аст, ки ин созмон аз сӯи аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст, тирборон карда шуд.
Тибқи баъзе гузоришҳо, ҷангиён аксари қаламрави Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд. Толибон* фаъолияти худро ҳангоми хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар пурзӯр карданд. Бо сабаби вазъи ноустувор, террористон ба ҷумҳурӣ сарозер шудан гирифтанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия