Занозании навбатии муҳоҷирони тоҷик: ин навбат дар Петербург ва бо чеченҳо

Занозанӣ назди бинои меҳмонхонаи "Белие ночи" дар шаҳри Санкт - Петербург сар задааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар Петербург дасти кам 70 муҳоҷири меҳнатӣ пас аз занозании оммавӣ боздошт гардиданд, хабар медиҳад сомонаи "Фонтанка" бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, задухӯрд дар назди меҳмонхонаи "Белие ночи" миёни муштариёни ин бино сар задааст.
Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳодиса субҳи рӯзи 29 июл хабар расид ва пасон 70 муҳоҷир боздошт ва 13 нафар ба шӯъбаи милиса интиқол дода шуданд.
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар "Кузминки" занозанӣ карданд, депорт мешаванд
Бар тибқи маълумоти расида, нофаҳмӣ миёни муштариёни ин меҳмонхона, аз ҷумла 4 шаҳрвади Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Чеченистон бархоста, сипас ба занозании анҷомид, ки дар натиҷа ду нафар ҷароҳатдор шуданд.
Гуфта мешавад, захмбардоштаҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд. Ҳамчунин ба шаш нафар дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд.
Ин занозанӣ дар ҳолест, ки чанде пеш Вазорати умури дохилаи Русия ба муҳоҷирон ҳушдор дод, ки минбаъд барои ҳамагуна муноқишаву задухӯрдҳои оммавӣ онҳоро депорт аз қаламрави кишвар интизор хоҳад буд.