Сокини Хоруғ бо автомашинаи "Toyota Kemry" кӯдаки 5 - соларо пахш кард

Ронанда дар деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон кӯдаки 5 - соларо пахш намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садамаи маргбори нақлиётӣ иттифоқ афтодааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 28 июл дар километри 640 - уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ- Мурғоб иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 36 - солаи мошини тамғаи "Toyota Kemry" , ки сокини шаҳри Хоруғ мебошад, дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон, кӯдаки 5 - соларо пахш намуд.
"Хурдсол сокини деҳоти Навобод буда, аз ҷароҳатҳои бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабари манбаъ..
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бархӯрди маргбори ду мошину трактор дар ноҳияи Рӯдакӣ: 3 кас ҷон бохту 4 тани дигар маҷрӯҳ
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ноҳияи Рӯдакӣ садамаи маргбори нақлиётӣ иттифоқ афтод, ки дар натиҷа се нафар аз ҷумла як кӯдаки 6 - сола ҷон аз даст доданд. Ин садама зимни бархӯрди ду мошину як трактор сар зад ва 4 мусофирро шадидан маҷрӯҳ кард