ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори дигар дар ҳолати ногувор афтод: ӯ иштибоҳ кард ва пешгузаштагони худ Доналд Трампро Барак Обама гуфт.
Ин ҳодиса ҳангоми суханронии Байден дар Пенсилвания рух дод.
Раҳбари Кохи Сафед гуфт, ки соли 2009 "он вақт президент Трамп" ба ӯ дастур дод, ки саноати мошинсозиро аз бӯҳрон барорад. Ҳамааш хуб мебуд, агар он замон Трамп президент мебуд, вале он солҳо Барак Обама президент буд. То соли 2017.
Дар аҳди Обама, Байден ба ҳайси ноиби президент кор мекард.
"Бубахшед, иштибоҳи мисоли Фрейд... Ин президент Обама буд, вақте, ки ман ноиби президент будам", - худро фавран ислоҳ кард Байден.
Бояд қайд кард, ки сарвари кунунии Кохи Сафед бисёр ба ҳолатҳои ногувор меафтад: ӯ ё Камала Ҳаррисро президенти ИМА меномад, ё номи раҳбари Русия Владимир Путинро ("Президент Клутин") мегӯяд ё кишварҳоро аз ҳам фарқ намекунад (Сурияро Либия мегӯяд).
Худи Байден инро эътироф кард ва худро "мошини ҳаргапгӯй" номид.