Дар Тоҷикистон буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд: мақомот сабабашро гуфт

Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки буриши дарахтон баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ кам шуда бошад ҳам, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 657 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ба маблағи зарари 411,4 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки буриши ғайриқонунии дарахтон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба заминҳои фонди хоҷагии чангал шомиланд, анҷом дода мешавад.
Абдуҷаббор Юсуфзода гуфт, ки маблағи зарари аз хоҷагиҳо, махсусан роҳбарони онҳо расондашуда 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс
Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зикр кард, ки масъалаи бунёд ва барқарорсозии ҷангал, ки асоси онро дарахтони бисёрсолаю сояафкан ва буттаву арчазор ташкил медиҳанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти агентӣ қарор дорад.
Вай илова кард, ки барои ҳарчи зудтар бартараф кардани қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.