ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа гуфтушунид кунанд ва созишномаи дахлдорро ба имзо расонад. Сарвазири Русия супориши дахлдорро дар ин бора ба имзо расонидааст.
Дар ин бора дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ санади дахлдор нашр шудааст.
"Ба Вазорати меҳнати Федератсияи Русия супориш дода шавад, ки бо Тоҷикистон бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтушунид кунад", - гуфта мешавад дар сомона.
Сарвазири Русия инчунин супориш дод, ки пас аз ба мувофиқа расидан созишномаи гуфташударо аз номи Федератсияи Русия имзо кунад.
Қайд карда мешавад, ки тибқи созишнома, ҳар тараф пардохти нафақаро бар асоси таҷрибаи суғуртавӣ, ки ҳангоми кор дар қаламрави кишвар сурат гирифтааст, таъин мекунад.
Қаблан Думаи давлатии Федератсияи Русия шарҳ буд, ки нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ гуна ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тавр, муҳоҷирон, ба ватани худ баргашта, нафақа мегиранд. Нафақаро давлате, пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он кор кардааст.