ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотии ниҳодаш тавзеҳ дод, ки чаро созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират ё интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Қатар амалӣ намешавад.
Тавре Амрезода таъкид кард, созишнома ҳарчанд имзо шуда бошад ҳам, чанд мушкилии пеш омадаст, ки он амалӣ намешавад. Аз ҷумлаи онҳо муздест, ки ширкатҳои арабӣ пешниҳод мекунанд.
"Созишнома ба имзо расонида шудааст, аммо талаботҳое ки ҷониби Қатар пешниҳод мекунад бо маош ҷавобгӯ нест - кам аст", - таъкид кард вазир.
Афзун бар ин, мушкилии дигаре, ки пеши роҳи сафари муҳоҷирони тоҷик ба Қатарро мебандад - ин надонистани забони арабӣ, забони давлатии Қатар унвон карда мешавад.
Ёдрас мешавем, созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар 3 феврали соли 2019 имзо шуда буд.
Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият бояд мекарданд.
Гуфта мешуд, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад, аммо бо гузашти зиёда аз 2 сол он амалӣ нагардид.