ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун беш аз 940 парвандаи корупсионӣ баррасӣ шудааст.
Ӯ қайд кард, ки дар давоми ним сол дар Тоҷикистон 96 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ошкор шудааст.
Моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” кори якҷояи хешовандон дар як идораи давлтиро манъ кардааст. Гуфта мешавад, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад.
Султонзода ҳамчунин хабар дод, ки Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронидааст.
Тибқи маълумоти Ожонсии зидди фасод, зимни ин санҷишҳо 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор карда шуд.