ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, мақсади сафари кишвардор, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон мебошад.
Ин барномаҳо дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30 -солагии истиқлоли давлатӣ сурат мегиранд.
Дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва мардум истиқбол гирифтаанд.
Президентро ин сафарашро аз ифтитоҳи мактаб-интернат дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 оғоз кард. Хобгоҳи мактаб-интернат барои 110 нафар пешбинӣ гардидааст.
Раҳмон аснои шиносоӣ аз тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ даъват кардааст, ки пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Далели аҷибе дар бораи мактаб-интернат ин аст, ки он буғхона дорад ки дар фасли сармо тамоми иншооти мактаб-интернат бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Дар деҳоти Анзоб ҳамзамон бинои мактаби 22 низ пурра навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам оварда шуд.
Ин мактаб ҳанӯғз соли 1985 сохта шуда, вақтҳои охир ҳолати ногувор доштааст.
Президент ба 20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, туҳфаҳо тақдим намудааст.
Дар доираи сафари кории Президент ба ноҳияи Айнӣ ҳамчунин бинои таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.