Захиракунии маблағ ба дарозумрии инсон таъсир мерасонад: олимон

Дар доираи таҳқиқот, олимони амрикоӣ маълумот дар бораи вазъи саломатӣ ва сатҳи даромади 5400 нафарро таҳлил карданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Пасандозкунӣ, метавонад ба дарозумрӣ таъсир расонад, мегӯянд олимони Донишгоҳи шимолу ғарбӣ (ИМА), навиштааст, Popular Mechanics.
Олимон вазъи молиявии калонсолон (синну соли миёнаи иштирокчиён 46) ва пас аз 24 сол сатҳи фавтро дар байни онҳо, таҳлил кардаанд.
Муҳаққиқон муайян намуданд, ки одамони миёнасол, ки дороии кофӣ доранд, умри дарозтар мебинанд.
Чӣ бояд кард, то тандурусту дарозумр шуд: пизишк роҳи бепулро нишон дод
Барои ҷудо кардани омилҳои генетикӣ ва дороӣ, олимон ширкаткунандагонро ба гурӯҳҳо тақсим карданд: бародарон, хоҳарон ва дугоникҳо.
Аз миёни 5400 калонсолон, дороии бештар бо хавфи камтарини фавт алоқаманд буд.
Олимон ба хулоса омаданд, бародароне, ки даромади бештар доштанд, умри дароз мебинанду хоҳару бародаре, ки даромади камтар дошт, умри кӯтоҳ дид.
"Мо далелҳои қавӣ дорем, ки байни пасандозгузорӣ ва тӯли умр робита вуҷуд дорад. Одатан, бародарон ва хоҳарони як оила аз таҷрибаҳои шабеҳи ҳаёт мегузаранд ва як генетика доранд", - гуфт муаллиф Эрик Фейнгуд.
Шаш зани дарозумр дар Фархор: аз 100 то 110 сол доранд
Муҳаққиқон инчунин эҳтимолияти таъсири саломатӣ (ба монанди бемориҳои дил ё саратон) ба қобилияти сарфаи пулро баррасӣ карданд.
Маълум шуд шахсе, ки саломатиаш бад аст, аз ҳисоби хароҷоти доимӣ барои саломатӣ, сарфа карда наметавонад. Аз ин рӯ, олимон барои таҳқиқ, гирифторони бемориҳои вазнинро ҷалб накарданд.