Посухи ВКХ дар бораи музокироти эҳтимолии Толибон* ва Кобул дар Душанбе

Ба Тоҷикистон пешниҳод нашудааст, ки барои музокироти байни афғонҳо макон диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи музокироти эҳтимолии намояндагони Толибон * ва ҳукумати Афғонистон дар Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, ба Тоҷикистон пешниҳод нашудааст, ки барои музокироти байни Афғонистон миёни Кобул ва Толибон* макон ҷудо кунад.
"Мо аз ҳарду ҷониб ҳеҷ пешниҳоде барои гузаронидани музокирот дар қаламрави худ нагирифтаем" гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хоиҷа
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Тоҷикистон музокироти ҷонибҳои афғон дар Доҳа ва дигар ҷойҳоро аз наздик пайгирӣ мекунад ва умедвор аст, ки онҳо муваффақ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни Толибон* ба шиддат идома дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд
Онҳо аллакай минтақаҳои васеъро дар деҳот забт карданд ва ба шаҳрҳои калон ҳамла карданд, аммо дар рӯзҳои охир вазорати дифоъи Афғонистон гузориш медиҳад, ки онҳо музофотҳои забтшударо тадриҷан барқарор мекунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.