Тобистони барфӣ: навори барфрезӣ дар Тоҷикистон

Боридани барф дар моҳи дуюми тобистон на ҳамеша сурат мегирад. Бахусус дар Тоҷикистон, ки тобистон ин ҷо гармии тоқатфарсо дорад
Sputnik
Аммо дар ВМКБ чунин ҳолат рух додааст ва яке аз сокинони маҳаллӣ лаҳзаи резиши барфро сабт намудааст, ки он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Албатта боридани барф дар шароити кӯҳсор рух додааст, аммо дар ҳар сурат резиши барф дар моҳи дуюми фасли тобистон ғайримуқаррарӣ аст.
Ба нақли муаллифи навор, барф рӯзи 21 июл дар ноҳияи Мурғоб борид.
"Тасаввур кунед. Саҳар барф борид, сипас ба борон табдил ёфту ҳоло боз барфрезӣ сар шуд", - мегӯяд муалифи ин навор.
Ҳарчанд навор рӯзи 21 июл сабт шуда бошад ҳам, он дар шабакаи YouTube рӯзи 25 июл ҷо дода шудааст.
Аз навор маълум аст, ки барф роҳу кӯҳҳоро андаке сафедпӯш намуда, ҳамоно бошиддат меборад.
Ин гуна вазъи ҳаво агар чӣ барои Тоҷикистон ғайримуқаррарист, вале гоҳе дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додани он имконпазир аст.