Созиш ҳосил шуд: замони хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ эълом гашт

Маъмурияти низомии ИМА дар Ироқ то охири соли равон хотима меёбад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.Бино ба иттилои Sputnik Афғонистон президенти ИМА Ҷо Байден зимни мулоқот бо сарвазири Ироқ Мустафо Козимӣ, ки дар Вашингтон қарор дорад, гуфт, ки маъмурияти низомии ИМА дар Ироқ то охири соли равон хотима хоҳад ёфт.
Байден гуфт: "Ҷанги муштараки мо алайҳи ДИИШ барои суботи минтақа муҳим аст ва ҳамкории мо алайҳи терроризм идома хоҳад ёфт".
Вай афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар оянда дар ягон маъмурияти дигари низомӣ дар Ироқ ширкат нахоҳад кард.
"Ман фикр мекунам, ки корҳо хуб рафта истодаанд. Нақши мо дар Ироқ аз он иборат хоҳад буд, ки омӯзишро идомадиҳем ва кӯмак барои мубориза бо ДИИШ ҳангоми пайдо шуданаш. Аммо рисолати ҷангӣ то охири сол анҷом хоҳад ёфт”, гуфт Байден.
Толибон дар ғазаб: чаро ИМА Кобулро ба Туркия доданд
Қаблан сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида нақши худро дар Ироқ аз ҷанг ба тамрин машваратдиҳӣ мегузаронад.
Рисолати низомии ИМА дар Ироқ соли 2003 оғоз ёфт. Он замон Вашингтон бо иддаои он ки Саддом Ҳусейн, раҳбари вақти Ироқ силоҳи қатли омро таҳия мекунад, вориди хоки ин кишвар шуд ва ҳукумати ӯро сарнагун кард.
Ҳоло дар Ироқ 2,5 ҳазор низомии Амрико ҳузур дорад.
Қаблан ИМА хуруҷи низомиёнашро аз Афғонистон оғоз кард, ки тибқи нақша он бояд моҳи август поён ёбад.