Соҳибкорони тоҷик дар Сурхандарёи Ӯзбекистон 25 корхона бунёд кардаанд

Ҳокими Сурхондарё ба раиси вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон сафар кардааст, дар бораи фаъолияти пурсамари соҳибкорони тоҷик дар ин вилоят иттилоъ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Ба гуфтаи Тӯра Боболов, ҳоло дар вилояти Сурхондарё 25 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
“Сармоягузорони тоҷик барои татбиқи 14 лоиҳа дар солҳои 2019-2020 ба лоиҳаҳои хориҷӣ 10,1 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Дар солҳои 2021-2022, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Сурхондарё барои татбиқи чор лоиҳаи гуногун 24 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард”, - гуфт раиси Сурхандарё.
Вай ҳамзамон таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши савдои хориҷии Сурхондарё бо Тоҷикистон 21,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 128 фоиз афзудааст.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ филм меофаранд: тафсилот
Содирот аз вилояти Сурхондарё ба маблағи 13 миллион доллар ва воридот ба маблағи 8,5 миллион доллар сурат гирифтааст.
Ҳамзамон ҳокими Сурхондарё Тӯра Боболов иттилоъ дод, дар вилоят 5 маркази миллию фарҳангии тоҷикон мавҷуд аст. Дар 80 мактаби миёна насли наврас бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Термиз ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои тоҷикзабон оғоз кардааст.
Ёдрас мешавем, ки дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон форуми тиҷоратии соҳибкорони ду минтақаи ҳамсоя муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон баргузор гардид.
Сафари ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар ба вилояти Суғд
Гуфта шудааст, ки дар ин форум созишномаҳои содиротӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, раисони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, инчунин шаҳру ноҳияҳои ду вилоят дар бораи тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ меморандумҳо ба имзо расониданд.