ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳад, ки нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 187 ҷангҷӯи "Толибон"*-ро маҳв карданд.
Ин ниҳод афзуда, ки 112 террорист маҷрӯҳ шудааст.
Тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон "дар вилоятҳои Кунар, Логар, Ғазнӣ, Хост, Қандаҳор, Урузгон, Форёб, Балх, Ҷузҷон, Самангон, Ҳилманд, Тахор, Қундуз, Бағлон ва Каписа амалиёти низомӣ анҷом доданд".
Масалан, дар вилояти Балх нерӯҳои мусаллаҳ минтақаи Калдорро аз дасти "Толибон"*, ки дар он ҷо шаҳри Ҳайратон ва пули аз ҷиҳати стратегӣ муҳим - пайвасткунандаи Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгиранд, бозпас гирифтанд.
Ғайр аз он, ҳамлаҳои "Толибон"* ба минтақаҳои Дараи Фаррохшоҳ ва Дараи Калон дар вилояти Каписа баргардонида шуданд.
Дар вилояти Форёб яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи "Толибон"* Қорӣ Ҳоятуллоҳ маҳв карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш ҳавопаймоии Афғонистон ба ҷангиён дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамла кард.
Дувоздаҳ террорист, аз ҷумла фармондеҳи калидӣ Аҳзаруллоҳ ва инчунин қозии вилояти Таҳор, ки аз ҷониби "Толибон"* таъйин шудааст ва Мавлавӣ Собир ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.