ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сафи муҳоҷирони тоҷик, ки ба маркази ваксинзанӣ воқеъ дар "Лужники" ташриф меоранд, кам нестанд, изҳор доштааст сардухтури поликлиникаи рақами 175 Андрей Федорук дар мусоҳиба бо mos.ru.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари муҳоҷирони тоҷик, инчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ зиёд ба ин марказ меоянду ваксин мегиранд.
"Барои эмгузаронӣ хориҷиён бояд шиноснома, санади иқомати муваққатӣ ва ё иҷозат барои иқоматро бо худ дошта бошанд", - тавзеҳ дод Федорук.
Вай қайд кард, ки муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксин 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.
Ёдовар мешавем, ки маркази эмгузаронӣ дар "Лужники" аз соати 08:30 то 22:00 хоҳишмандони ваксин гирифтанро қабул мекунад.
Илова бар ин, муҳоҷирон дар Маскав метавонанд дар бозори "Садовод", маркази ягонаи муҳоҷират дар "Сахаров" ва дар 25 поликлиникаи шаҳрӣ ваксин гиранд.