Коҳишёбии рубл дар Тоҷикистон: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби рубл коҳиш ёфтаву еврову доллар каме боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ имрӯз 0.1528 сомонӣ мебошад.
Бар пояи охирин нишондоти ин ниҳод арзиши Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ ба 0.1534 сомонӣ баробар буд.
Қурби доллар бошад, тибқи нишондоди ин ниҳод каме боло рафта ва ҳамакнун 1 доллари ИМА муодили 11.3230 сомонӣ мебошад, дар ҳоле, ки рӯзи қабл арзиши он ба 11.3225 сомонӣ баробар буд.
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ каме боло рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3442 сомонӣ муқаррар шудааст. Ду рӯз қабл дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.3221 сомонӣ қарор дошт.
Тибқи нишондодҳои Бонки миллӣ, пули миллӣ давоми ним соли гузашта дар баробари асъори хориҷӣ ҳолати муътадилро нишон додааст.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210).
"Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад", - гуфт Холиқзода.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.